РАФТИ ОЗМУНИ БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АМИТ
Имрӯз 30.10.2025 сол дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни илмӣ-маърифатии “Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар озмун магистрантон, докторантон ва унвонҷӯёни Институт фаъолона иштирок намуда, дониши худро нисбат ба меъёрҳо ва арзишҳои конститутсионии давлат муаррифӣ намуданд.

Ҷашни меҳргон яке аз ҷашнҳои кӯҳани мардуми ориёинажод ба ҳисоб меравад. Ин ҷашни аҷдоди бо баракати Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида ва тӯли чандин сол аст миёни мардуми тоҷик ҷашн гирифта мешавад.