КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ЗАМИНАИ РАВАНДИ ИСЛОҲОТИ СУДИЮ ҲУҚУҚӢ
Барпо намудани давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, ки ҳимояи воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон ба он вобаста аст, зарурати қабули қонуну санадҳоеро, ки ҷовобгӯи ин талаботҳо бошанд ба пеш овард. Барои амали гардидани ин ҳадафҳо заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ лозим буд, ки ба ин пеш аз ҳама, қабули Конститутсияи нави давлати соҳибистиқлолу демократӣ буда метавонист.
Зеро, ки Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии кишвар яке аз нишонаҳои муҳими соҳибихтиёрии давлати миллӣ буда, манбаи сарчашмаи қабули қонуну санадҳои ҳуқуқии давлат ба ҳисоб меравад.

ДУШАНБЕ, 04.10.22025. /АМИТ «Ховар»/. Забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмуи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва он яке аз арзишдмантарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои ояндаи мо арзёбӣ мегардад.
Чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст, рӯзи 5-уми октябр ҳамасола дар кишвари мо ва берун аз он ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки ин аз таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва, пеш аз ҳама, аз ғамхорӣ ва пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақом