Skip to main content

ҶОИЗА МУБОРАК!

Раёсат ва иттифоқи касабаи кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Саидзода Фазилат Саидамир, номзади илмҳои сиёсӣ, ходими калони илмии шӯъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии Институтро ба муносибати сазовор гардидан ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои ҷавонон дар соҳаи илм, техника ва инноватсия самимона табрик менамояд.

Ин дастоварди шоиста натиҷаи заҳматҳои пайваста, таҳқиқоти арзишманд ва саҳми назарраси Шумо дар рушди илму маърифат дар Тоҷикистони азизамон мебошад.

Шумо бо дониш, меҳнатдӯстӣ ва ҷустуҷӯҳои илмии хеш намунаи ибрати насли ҷавон гашта, боз як марҳилаи муҳимро дар роҳи камолоти касбӣ ва илмӣ пушти сар намудед.

Боварӣ дорем, ки ин мукофот барои Шумо на танҳо қадрдонии заҳматҳои то имрӯз буда, балки имконияти наве барои комёбиҳои боз ҳам бузургтар дар оянда хоҳад шуд.

Муборак бошад!

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123