Раёсати Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо самимияти хоса ва эҳтироми беандоза Шумо Буризода Эмомалӣ усоди азизро ба муносибати қадрдонии меҳнати софдилона ва сазовор гардиданатон ба мук
Раёсати Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо самимияти хоса ва эҳтироми беандоза Шумо Буризода Эмомалӣ усоди азизро ба муносибати қадрдонии меҳнати софдилона ва сазовор гардиданатон ба мукофоти давлатии "Корманди шоиста" табрик мегӯяд.
Ин дастовард нишонаи арзандаи заҳматҳои пайваста, масъулиятшиносӣ ва садоқати Шумо ба арзишҳои миллӣ, илмӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
Бовар дорем, ки минбаъд низ бо ташаббусҳои созанда ва донишу таҷрибаи ғании худ дар рушди соҳаи илми ҳуқуқшиносӣ саҳми назаррас мегузоред.
Бо таманниёти беҳтарин дар роҳи фаъолияти илмиву эҷодӣ бароятон саломатии бардавом, руҳи болида ва муваффақиятҳои рӯзафзун орзу дорем.
