ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ БА НОМИ А. БАҲОВАДДИНОВИ АМИТ, ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ФАЛСАФА, ПРОФЕССОР МАҲМАДИЗОДА НОЗИМ ДАВЛАТМУРОД БАХШИДА БА 31-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ
Ҳамкорони муҳтарам, аъзоёи ҳизб ва дӯстдорони ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон!
Бо камоли эҳтиром Шуморо ба муносибати ҷашни мубораки 31-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сидқан табрик мегӯям.
Таърихи беш аз се даҳсолаи ин ҳизби сиёсӣ бо марҳилаҳои муҳими давлатсозӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори кишвар пайвандии ногусастанӣ дорад. ҲХДТ аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтани худ дар саҳифаҳои нави рушди сиёсии Тоҷикистон нақши муассир гузошта, имрӯз низ чун такягоҳи муҳими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва сиёсати давлатии кишвар арзи вуҷуд мекунад.
Дар ин раванд, нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, барои ташаккули низоми муосири сиёсии тоҷикон ва таъмини рушди устувори мамлакат ниҳоят таъсиргузор мебошад.
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ ҳамчун маркази таҳқиқоти илмии ҷомеашиносӣ ҳамеша талош менамояд, ки ҳадафҳои стратегии кишвар, арзишҳои давлатдорӣ ва ғояҳои созандаи ҳизбро аз ҷиҳати илмӣ таҳлил намояд ва бо хулосаҳои илмӣ ба рушди сиёсиву интеллектуалии ҷомеа ҳиссаи шоиста гузорад.
Изҳори боварӣ менамоям, ки ҳамкориҳои илмию амалии мо бо сохторҳои гуногуни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон минбаъд низ густариш ёфта, барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди фикри иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа заминаҳои мустаҳкам фароҳам меорад.
Бо таманниёти нек барои ҳар яки Шумо саломатӣ, баракати кор, тавфиқ дар фаъолияти сиёсӣ, илмиву иҷтимоӣ ва барои кишвари азизамон сулҳу суботи ҷовидона таманно менамоям.
Ҷашн муборак!
Бо камоли эҳтиром, Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод
