НАВРӮЗ - ҶАШНИ ТАБИӢ ВА НАМОДИ СУЛҲУ ҲАМБАСТАГӢ
Дар шароити ҷаҳонишавии арзишҳо ва вусъат касб кардани раванди бархӯрди тамаддунҳо бисёр арзишҳои фарҳангӣ метавонанд маҳв шаванд ва ё ба хазинаи таърих интиқол ёбанд. Аммо ҷашнҳои миллии тоисломии тоҷикон, ки аз бозёфтҳои нодири фарҳанги моддию маънавӣ маҳсуб меёбанд ва тамоили инсонгароӣ, ҷомеаофарӣ ва умумибашарӣ доранд, ҳеҷ гоҳ арзишҳои худро коҳиш намедиҳанд ва дар ҳама гуна вазъ метавонанд барои рушди ҷомеаи инсонӣ хизмат намоянд.
