Семинари илмӣ. ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ЧУН ОМИЛИ ДИГАРГУНИҲОИ ЗЕҲНӢ (МАЪРИФАТӢ) ДАР ЗАМОНИ МУОСИР
Кафедраи фалсафаи Раёсати тайёр кардани кадрњои илмии АМИТ дар таърихи 13 феврали соли 2026 семинари илмӣ-методологиро зери унвони “Шабакаҳои иҷтимоӣ чун омили дигаргуниҳои зеҳнӣ (маърифатӣ) дар замони муосир” баргузор намуд.
Дар семинар Шарифзода С.С. – сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих бо маърӯзаи илмӣ баромад намуд.

Истиқлол – ин диди нав, тафаккури нав нисбат ба халқ, давлат, миллат, фарҳанг ва озодиҳои ҳар як инсон аст, ки намояндагӣ аз он давлат, сарзамин ва тамаддун мекунад. Диди нав бошад, – ин шинохти масъулият назди худ, миллат, забон, фарҳанг, дар назди наслҳои оянда мебошад. Диди нав барои насли имрӯзи тоҷик зодаи Истиқлол аст.