Паёми табрикотии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Ҳамватанони азиз, муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат
Воқеан, дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳаммият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дошта, барои тамоми инсоният, аз ҷумла барои тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ мебошад. Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шуҳратманд ва фарзандони шуҷоатманди диёри азизамон маҳсуб меёбад.

Имсол 9-уми май дар кишвари азизамон 80-солагии пирӯзии мардуми шӯравӣ бар Олмон ва ҳампаймонҳои он ҷашн гирифта мешавад. Падарон, бобою бобокалонҳо барои ояндаи мо, сулҳи рӯи замин мубориза бурданд. Вазифаи мо гиромидошти хотираи онҳо, қадрдонии ҳар рӯзест, ки дар Тоҷикистони озоду офтобӣ дар зери осмони ором мегузарад.