Паёми табрикотии Директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Ҷавонони сарбаланд, худогоҳ ва саодатманди Тоҷикистони азиз!
Фарзандони бонангу номус ва ояндасозони миллат!
Бо эҳсоси баланди ифтихор, эҳтиром ва самимияти беандоза ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки Шумо пеш аз ҳама саломатии бардавом, неруи қавии иродавӣ, саодати рӯзгор, комёбиҳои пайваста ва дастовардҳои шоистаро дар роҳи хизмат ба Ватани маҳбубамон орзу менамоям.

Ба даст овардани истиклоли сиёсӣ ба мо имконият дод, ки оид ба рушду инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ аз назари нав андеша намуда, роҳҳои муносиби тараққиётро ҷустуҷӯ ва дарёфт намоем.