СИЁСАТИ ИНСОНМЕҲВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ИМЗОИ АВФИ НАВБАТӢ
Дар ҷаҳони муосир инсондӯстӣ, адолат ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ аз ҷумлаи меъёрҳои муҳими давлатдории муосир ба ҳисоб мераванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатдориро бар пояи инсонмеҳварӣ, адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон роҳандозӣ намудааст.
