ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ БУНЁДИНИ ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Пешрафти ҳар кадом ҷомеаро инсонҳои дорои ғановати маънавӣ, ахлоқӣ ва зеҳнӣ таъмин менамоянд. Ғанои маънавӣ, ҳамоҳангӣ ва пешравиҳои илмии ҳар миллатро танҳо истиқлол бо самараи пурфайзи ваҳдати миллӣ ранақ бахшида, замина фароҳам меоварад, то дар замири наслҳои шарафманд мафҳумҳои ҳувият, асолат ва рисолати хештаншиносиро эҳё, парвариш ва инкишоф диҳад. Ин сабки худогоҳӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ озодӣ ва ҳувиятсозиро бо қадамҳои устувору созанда ба тадриҷ густариш бахшидааст.
