ЗОДРӮЗ МУБОРАК, УСТОДИ АЗИЗ МИРЗОШОҲРУХ АСРОРӢ!
Кормандони Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрориро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, барояшон пеш аз ҳама саломатии бардавом, умри пурбаракат, рӯзгори осуда ва дар фаъолияти минбаъдаи ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва илмӣ комёбиҳои нав ба нав орзу менамоянд.
Мирзошоҳрух Асрорӣ 20 августи соли 1953 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд ба дунё омадааст.

Вожаи ҳувият (идентичность) аз калимаи лотинии identicus гирифта шуда, маънои яксон донистан, шабоҳат ё мувофиқати чизе бо чизи дигареро дорад. Дар соҳаи илмҳои иҷтимоӣ-инсоншиносӣ идроки шахс аз худ тавассути маҷмуи сифатҳо ва меъёрҳои рафтор, ҷавоб ба суоли "Ман кистам?" мебошад.