АНДЕШАҲО ДОИР БА МАСЪАЛАИ ТАҲАММУЛГАРОӢ ДАР АФКОРИ ФАЛСАФИИ МУТАФАККИРОНИ ТОҶИКУ ФОРС
(Ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бахшида мешавад)


(Ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бахшида мешавад)

“НАҚШИ МАРКАЗИ СИНОШИНОСӢ ДАР ТАРҶУМА ВА ТАҲҚИҚИ ОСОРИ ИБНИ СИНО”
Абуабдуллоҳ Ҷаъфари Рӯдакӣ на танҳо дар саромади ташаккули забони форсӣ, шеъру адаб ва назми оламшумули он, балки дар фарҳанги форсу тоҷик дар саргаҳи ҳикмат ва андешаҳои фалсафӣ қарор дорад. Бесабаб Муҳаммад Авфии Бухороӣ (вафоташ1237) ҳангоми муайян намудани исми пурраи шоир дар тазкираи машҳураш “Лубоб – ул - албоб” ба ӯ насаби Ибни Ҳаким ар –Рӯдакиро илова накардааст.[7,48] Дар рисолаҳои фалсафии “Ихвон –ус –сафо” низ аз Рӯдакӣ чун шоир ва файласуф ёдоварӣ шудаву доир ба робитаи назариёти ӯ ба таълимоти ин ҳалқаи илмию энсиклопедӣ ва фалсафии асрҳои миёна ишораҳо рафтааст.
Имрӯз, 23 сентябри соли 2026, дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аттестатсияи докторантони PhD баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ роҳбарияти институт ва масъулони бахшҳои марбута иштирок намуданд. Дар рафти аттестатсия фаъолияти илмию таҳқиқотии докторантон, раванди омодасозии диссертатсияҳо, натиҷаҳои бадастомада ва иҷрои нақшаҳои инфиродии онҳо мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифт. Докторантон доир ба корҳои илмии анҷомдодаи худ гузориш доданд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ мардуми тоҷик бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби боз ду ҷашни бузурге гардиданд, ки ҳар ду ҳам ҳамасола моҳи сентябр бо як шукуҳу ҳашамати хосса таҷлил мегарданд: 22 сентябр – Рӯзи Рӯдакӣ ва 30 сентябр - Рӯзи Мавлоно. Ин иқдом аз арҷгузорӣ ба ҳаёт ва осори ду шахсияти бузург дар адабиёт ва фарҳанги тоҷик аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дарак медиҳад, ки ҳар ду ҳам сазовор ба ин амаланд.
Дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-079 назди Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи академик А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳимояи рисолаи илмии Шукурзода Саодат Нусратулло барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси 5.6.2. «Ниҳодҳо, равандҳо ва технологияҳои сиёсӣ» баргузор гардид.
«Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ду пояи устуворе мебошанд, ки ҳастии давлати муосири тоҷиконро таъмин мекунанд. Бидуни музокироти сиёсӣ ва созиши миллӣ мо наметавонистем соҳибихтиёрии кишварро аз нобудӣ наҷот диҳем,».
Эмомалӣ Раҳмон.
Дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон монографияи директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.
15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди расмӣ ва иштирок дар нахустин Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» ба Ҷумҳурии Корея сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.