ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ: НАҚШИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ
Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллату давлат муқаддастарин арзиши миллӣ ба ҳисоб меравад. Истиқлолият ба халқи Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки роҳи мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро интихоб намояд. Аммо ба даст овардани истиқлолият танҳо оғози марҳилаи муҳимми давлатсозӣ буд. Мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи якпорчагии кишвар, таъмини сулҳу субот ва баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ вазифаҳои асосии даврони истиқлолият гардиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори андеша доранд, ки : “Мову шумо дар даврони соҳибистиқлолӣ борҳо марҳилаҳои мушкилу сангинро паси сар намуда, аз ҳолатҳои бисёр вазнин сарбаландона баромадем, аз ҷумла хатари нестшавии давлат ва пароканда гардидани миллатро бартараф кардем ва ба пешраф