ИЗҲОРИ ҲАМДАРДӢ ВА ТАСАЛИЯТ!
Раёсат ва иттифоқи касабаи кормандони Институти фалсафа ва сиёсатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба корманди Институт Абдумуминзода Ситора бинобар даргузашти БАРОДАРАШОН ҳамдардии амиқ баён намуда, дар ин рӯзҳои сангини мусибат ба эшон, аҳли оила, пайвандон ва наздикони марҳум сабри ҷамил орзу менамоянд.
Рӯҳи марҳум шод ва манзили охираташон обод бод!

Азбаски соли 1991 ба дунё омадаам, соли 1997, вақте ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ман ҳамагӣ шашсола будам. Аз сабаби хурдсолӣ шояд манзараҳои талхи ҷанги шаҳрвандиро бо чашмони худ надида бошам ва ё маънои воқеии низоъро дарк накарда бошам.