Skip to main content
Мақолаҳо

ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ:

ТАҲЛИЛИ СОТСИОЛОГИИ ЯК РӮЙДОДИ ТАЪРИХӢ

Дар ҷомеаи муосир масъалаи ҳифзи хотираи таърихӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва таҳкими ҳувияти шаҳрвандӣ ба яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

Ҳар як миллат барои нигоҳ доштани ҳастии таърихии худ на танҳо ба захираҳои иқтисодӣ ё низомӣ, балки пеш аз ҳама ба хотираи таърихӣ, фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба қаҳрамонон ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони фидокори худ такя менамояд.

Мақолаҳо

ГИРОМИДОШТИ ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН ОМИЛИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Раванди муттаҳиднамоии ҷомеа дар заминаи арзишҳои умумии миллӣ ва таъмини пайванди наслҳо ҳамчун ворисияти сиёсию таърихӣ эътироф гардидааст. Ҷомеае, ки ворисияти сиёсии хешро гум мекунад, робитаи наслҳояш канда мешавад ва агар он арзишҳои умумӣ надошта бошад, дучори буҳрону парокандагӣ мегардад.

Бинобар ин, муттаҳидӣ дар атрофи арзишҳои миллӣ мисли ширеше мебошад, ки сохтори ҷомеаро нигоҳ медорад. Ворисияти сиёсӣ мисли пулест, ки гузаштаро бо оянда мепайвандад. Бе ин ду омил ҳеҷ як ҷомеа наметавонад дар дарозмуддат устувор бимонад.

Мақолаҳо

ИҚДОМИ НАВИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР - РАМЗИ ЭҲТИРОМ БА ШАХСИЯТҲОИ ТАЪРИХИЮ МИЛЛӢ

123Ба даст овардани истиклоли сиёсӣ ба мо имконият дод, ки оид ба рушду инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ аз назари нав андеша намуда, роҳҳои муносиби тараққиётро ҷустуҷӯ ва дарёфт намоем.

Мақолаҳо

БАРҚАРОРСОЗИИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ ВА ҲИФЗИ ХОТИРАИ ҚАҲРАМОНОНИ МИЛЛАТ: АҲАМИЯТИ СИЁСӢ ВА МАЪНАВИИ БОЗГАРДОНИДАНИ ОРОМГОҲИ НУСРАТУЛЛО МАХСУМ, ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР ВА НИСОР МУҲАММАД БА ТОҶИКИСТОН

Дирӯз дар шаҳри Душанбе маросими бозгардонидани муште аз хоки чеҳраҳои таърихии миллат Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад бо иштироки бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки нишонаи олии арҷгузорӣ ба таърих, фарҳанги миллӣ ва бузургдошти хизматҳои фарзандони сарсупурдаи Ватани азиз маҳсуб меёбад.Ин рӯйдод танҳо як маросими рамзӣ набуда, балки иқдоми муҳими сиёсӣ, маънавӣ ва таърихӣ дар роҳи барқарорсозии адолати таърихӣ ва эҳёи хотираи миллӣ ба шумор меравад.

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки масъалаҳои ҳувияти миллӣ, худшиносии таърих

Навид

ҲИМОЯИ БОМУВАФФАҚИЯТИ РИСОЛАИ ИЛМИИ КОРМАНДИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ

Имруз 19.05.2026 ходими илмии шӯъбаи фарҳанги Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Зоҳири Сайфулло рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Ҷанбаҳои фалсафӣ–фарҳангии Наврӯз» дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА–089-и назди Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ зери роҳбарии доктори илмҳои фалсафа Самиев Бобоҷон бо муваффақияти баланд дифоъ намуд.

Рисолаи мазкур ба яке аз муҳимтарин арзишҳои маънавию фарҳангии миллати тоҷик Наврӯз бахшида шуда, дар он муҳаққиқ бо диди илмӣ ва таҳлили амиқи фалсафӣ моҳият, ҷойгоҳ в

Навид

Иштирок дар маросими ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ 19.05.2026

19 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ташриф оварда, шахсан дар маросими истиқболи мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷасати фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад иштирок намуданд.

23121